Бо ифтихору сарбаландӣ ва шукргузорӣ аз соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху арзишҳои оламшумули худ имконияти беназир пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаҳои бузурги миллиамон рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи кишвари азизамон, Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.
Ҳамасола мардуми сарбаланди тоҷик 16-уми ноябрро ҳамчун ҷашни бузург ва муқаддас бо як шукуҳу шаҳомат истиқбол намуда, онро бо як самимияти хоссае таҷлил мегиранд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз, падидаи ҳалкунанда, бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ, ҳифзи давлатдории тоҷикон, ба эътидол овардани буҳрони сиёсии оғози даврони пасошуравӣ бо ҳуруфи заррин сабт гардидааст.
Мо аз воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-уми қарни гузашта ба хубӣ огоҳ ҳастем. Бояд қайд намуд, ки пас аз пош хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шуравӣ, мардуми куҳанбунёди тоҷик, хушбахтона, дорои як давлати соҳибистиқлол ва мустақили худ гардид.
Ин неъмати бебаҳоро мардум нодида гирифта, онро қариб ба нестӣ мувоҷеҳ сохтанд. Бо омилҳои дохиливу беруна, бадхоҳони миллати тоҷик ба мақсадҳои нопоки худ расиданд, ки онҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд оварданд.
Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зеро пойтахти мамлакат ба гирдобҳои сангину хунин мубаддал гардида, эҳтимоли ба ҷони шахсони мансабдор имкони ҳар лаҳза суиқасд вуҷуд дошт, аз ин рӯ, Иҷлосия дар шаҳри мазкур, ки каме нисбат ба дигар манотиқи кишвар оромтар буд доир гардид.
Дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик шахси сарсупурдаи давлат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.
Дар вазъияте, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулияти баландро надошт, бо як иродаи қавӣ, орзую ормон, нияти пок, ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, бо як маҳорати баланд миллатро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам ва то ба Шумо сулҳ наорам худро ором гузошта наметавонам”.
Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба имзо расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба Шӯрои Олии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон расман муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки тарафдорони сулҳро фиристонанд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро ба кишварҳои хориҷ устувор намуд.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Файзализода Сафаралӣ,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе