“Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дар ба дарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳ дӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард”.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз санадҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Ҳар чӣ қадар солҳо гузарад ҳам, аҳамияти бузурги ин Иҷлосияи тақдирсоз, ҳамон қадар аёнтар ва боҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мегардад. Дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонамонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва бӯҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифта буд, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ даъват карда шуд, ки ин ягона иқдоми оқилона буд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, дар қасри маданияти хеле бошукӯҳу бошаҳомат, колхози овозадори ду карат Қаҳрамони Сотсиалистӣ, деҳқони номдор Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар кори иҷлосия бидуни вакилони халқ боз намояндагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия меҳмони фахрии Иҷлосия, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон ширкат варзиданд.
Як воқеаи муҳиме, ки дар оғози ҷараёни Иҷлосия шуда гузашт, ин тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кулоб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз 197 вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро дастгирӣ карданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.
Дар ҳамон рузи 19 ноябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани кутоҳ, вале пурмуҳтавои барномавӣ баромад карда чунин изҳор намуданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам ояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам, то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам”. “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барпо мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”.
Воқеан Иҷлосияи фаромӯшнашавандаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солномаи халқи тоҷик абадӣ дохил шуд ва он дар ҳақиқат Иҷлосияи тақдири халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал шуд. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанг пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, ба роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод. Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт.
Ҳамин тавр Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кулли тоҷикону тоҷикистониён, Иҷлосияи тахрихӣ ва тақдирсоз буд. Ин иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар машҳур аст, ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи насли оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Саторова Манзурат,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират шаҳри Хуҷанд

