Иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ

Тартиби иҷозатномадиҳиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба танзим медарорад. Иҷозатнома (литсензия) иҷозати махсусе мебошад, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё  соҳибкори инфиродӣ додааст. Ба маҷмӯи чорабиниҳое иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) гуфта мешавад, ки ба иҷозатномадиҳӣ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти  иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста  бошад.

Мақоми иҷроияи додани иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ Хадамоти муҳоҷират мебошад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои муқаррарнамудаи Хадамоти муҳоҷиарт шаҳрвандон барои дархости расмии гирифтани иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ номгӯи ҳуҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– мактуби расмӣ ба унвони Сардори Хадамоти муҳоҷират (барои дидани намунаи мактуб инҷоро зер кунед);

        – Шаҳодатнома, РМА (ИНН), Иқтибоси корхона;

        – Нусхаи шиносномаи роҳбари Корхона;

       – Руйхати тачхизотхо;

       – Кормандон;

      – Маълумотномаи Оморӣ;

      – Оинномаи корхона тарики нотариалӣ таъидшуда;

      – Расидҳо  сомонӣ 468 (312+156 c);

      – Ваколатномаи шахси масъул.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо