• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Иди Наврӯз аз нигоҳи мутафаккирон

Migration Service by Migration Service
18.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Иди Наврӯз аз нигоҳи мутафаккирон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин оини миллӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд, ки санаи пайдоиши ҷашни мазкур ба дурустӣ маълум нест, вале қайд мешавад, ки ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осору-л-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Ӯ дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Дар бораи ҷашни Наврӯз ҳикояву ривоят ва қиссаҳои зиёде мавҷуд аст.

Барои дуруст ва пурра дарк намудани ойину маросим ва хусусиятҳои ҷашни Наврӯз ба рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём рӯй овардан лозим аст, ки он бо усули нигориши равшангарона таълиф гардидааст.

Ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Дар замони Ашкониёну Сосониён Наврӯз ба таври хоса ҳамчун ҷашни сирф миллӣ ва бо дарназардошти оинҳои дини зардуштӣ ҷашн гирифта мешудааст. Қиссаву ривоят ва ҳикоётҳо оиди ин давраи таърихи мардуми тоҷик хеле зиёданд. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осору-л-боқия» овардааст, ки «…чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ҷашн гирифтанд».

Дар минтақаҳои алоҳидаи мамлакат аллакай аз замонҳои қадим тарзу усул ва намудҳои таҷлили ҷашни Наврӯз гуногун будааст ва дар ин бора нигоштаҳо аз «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осору-л-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ба таври пурра гувоҳӣ медиҳанд. Ҳатто вобаста ба минтақа рӯзҳои ҷашнгирии он низ фарқ доштааст.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешудааст. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин таҷлил карда мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт, ки дар он шахсан шоҳаншоҳи сосонӣ иштирок менамуд.

“Наврӯз” яке аз ҷашнҳои миллии куҳантарини аҷдодони мо буда, таърихи тулонӣ дорад ва ҷашн гирифтани он барои мардуми тоҷику форс ҳатмӣ буда, ифтихори ин миллати қадимиву тамаддунсоз ба ҳисоб меравад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва кӯшишу талоши Пешвои муаззами миллат ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳониро ба худ касб намуд. Имрӯзҳо ин ҷашни миллии ниёгонамон бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар саросари мамлакат ва ҳатто берун аз он низ таҷлил карда мешавад, ки ин гувоҳӣ аз маданияти баланду таърихи пурифтихори кишварамон медиҳад.

Улуғбекова Назира,

Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ

Previous Post

Мулоқоти мақсаднок бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар шаҳри Ваҳдат

Next Post

Мулоқоти судманд дар терминали мусофиркашонии  шаҳри Бохтар

Next Post
Мулоқоти судманд дар терминали мусофиркашонии  шаҳри Бохтар

Мулоқоти судманд дар терминали мусофиркашонии  шаҳри Бохтар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.