Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши бевоситаи Раиси ноҳияи Роштқалъа мулоқоту вохӯриҳои навбатӣ бо сокинони маркази ноҳия баргузор гардид.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Азизмамадов Рамазон, ба иштирокдорон оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ миёни мардум, мусоидат дар пешгирии хариду фурӯши одамон, нашъамандӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар намуд.
Аз ҷумла таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки пеш аз сафар ба қаламрави Федератсияи Россия манъи воридоти худро санҷиш намуда, баъдан чиптаи парвоз харидорӣ намоянд, чун ҳангоми ворид шудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ наметавонанд аз сарҳади давлатӣ гузаранд ё худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранду иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дастрас намоянд.
Вобаста ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат раёсату шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар ҳолатҳои зерин метавонанд чунин қарор содир намоянд:
-пешниҳоди маълумоти бардуруғ дар бораи худ ва мақсади будубош дар кишвари иқомат;
-дар муддати се сол якчанд маротиба содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия (вобаста ба минтақаи фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ);
-ҳангоми хатар ба амнияти миллӣ ва саломатии аҳолии Федератсияи Россия;
-ҳангоми доштани қарори суд дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
-ҳангоми пардохт накардани ҷаримаи суд муайянкардашуда оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
-ҳангоми пардохт накардани андоз аз даромад ва ё пардохт накардани ҷаримаи татбиқшуда;
-дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ, риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии амнияти миллӣ ва ё вайрон намудани қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат;
Агар вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Россия манъ шуда бошад ва дар қаламрави он қарор дошта бошад, ӯро зарур аст, ки дар муҳлати кутоҳтарин аз қаламрави Федератсияи Россия баромада равад.
Дар ҳолати баромада нарафтан тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудаш ба муҳлати 3, 5 ва ё 10 сол манъ карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мераванд зарур аст, ки талаботҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, дар доираи қонунугузории Федератсияи Россия фаъолият намоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани савол вобаста ба будубош ва талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё +7 (999) 912-58-68 (whatsapp) муроҷиат намоянд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ