Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷо бо МИҲД ноҳия ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳаллаҳои Шоҳмансур, Дӯстӣ, Нурободи деҳаи Файзобод, маҳаллаҳои Тоҷикистон, Б.Ғафурови деҳаи Ҳаштия, маҳаллаи Ӯлҷабоеви деҳаи Куркати ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, иттилотию фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, хусусан оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардид.
Масъулин вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карданд.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар иттилоъ дода, таъкид намуд, ки ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия қонуну қоидаҳои давлати қабулкунанда риоя намоянд, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тавсияи муфид доданд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷати будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботи қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат, оид ба барномаи “Амина” дар вилояти Москваи ФР, масъалаи радикализм, экстремизму терроризм ва дигар масъалаҳои марбут иттилоъ дода шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд