Мувофиқи нақшаи кории бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар маҳаллаҳои Гагарин ва Маданият вохӯрии судманд бо сокинон, ки аксари аъзои онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бо иштироки аъзои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Фарзона Толибова, сардорони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Маҳмудов Баҳодур, шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ – Акмал Ализода, сармутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти шаҳр – Толибов Искандар, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – Фозилова Парвина, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон, оиди дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули сӯҳбати рӯ ба рӯ оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, соҳибкасб гардидан, доир ба огоҳсозии ва пешгирии аз амалҳо номатлуб, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, терроризму–экстремизм, коррупсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Дар идома вобаста ба НБО “Роғун”, ки яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлоли энергетикӣ ба ҳисоб меравад, сухан гуфтанд.
Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинӣ бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта, гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд