Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан вохӯрии иттилоотӣ – маърифатӣ дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар баромади худ иброз дошт, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфӯзи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст.
Инчунин, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро идома бахшем.
Ҳамзамон, кайд кард, ки барои ворид шудан ба Федератсияи Россия дар бораи рад кардан барои додани патент. Сабабҳои маъмултарин: Маълумоти бардурӯғ дар ариза;Пешниҳоди бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо; Набудани маълумот дар бораи корфармо (ҳангоми аз нав бақайдгирӣ);
Манъи ворид ба Россия; Дар давоми як сол ду ва зиёда маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан;
Саркашӣ аз пардохти ҷарима дар қаламрави ФР; Бекор кардани патенти қаблӣ;
Пардохти ғайриодилонаи андоз барои патенти қаблӣ (ҳангоми аз нав бақайдгирӣ);Мавҷуд будани ҳукми иҷронашуда.
Инчунин, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

