Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Рогиф ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик, бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қонунигардонӣ будубоши шаҳрвандон дар қаламрави Федератсияи Россия, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳазбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Корманди бахши Хадамоти муҳоҷират суханронӣ намуда, андешаҳояшро пиромуни қонунҳои дар боло зикргардида баён дошт. Иброз намуд, ки солҳои охир бо мураккаб шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир, арзиши истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар умум, пойдории давлатдории миллӣ, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб мешавад. Омилҳои номбурда дар умум боис шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбтяи ватандӯстии шаҳрвандон ” қабул карда шавад. Яке аз афзалиятҳои муҳими ин қонун дар он аст, ки дар он тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, балки бо фарогири паҳлуҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таҷассум ёфтааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба самъи сокинони ноҳия расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30.12.2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнати, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд, метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд