Тибқи нақша чорабиниҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ҳафтаи сипаригардида бо сокинон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва раисони маҳаллаҳо чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эҳтимоли вурудашон манъшавӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия доранд ва оиди истифодаи дурусти қувваи барқ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризм экстремизм, муҳоҷират, оид ба татбиқи стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия, гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., ба самъи сокинони ноҳия расонид, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия сафар мекунанд дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ироа намуд.
Инчунин, иштирокдоронро оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, шинос карда шуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд