Тибқи нақша – чорабиниҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, дар ҷамоати деҳоти Сомнониён маҳаллаи Иқбол вохӯрии судманд брагузор намуд.
Дар чорабинӣ мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Узоқов О., доир ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон, ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағийротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намоянд. Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ба иттилои сокинон расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Ҳамзамон, ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд