Дар доираи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти робита бо аҳолии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, дар деҳаи Саховат ҷамоати деҳоти Вобканд вохӯрии самимӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо сокинон баргузор шуд.
Масъулин талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро шарҳ дода, ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаро гирифтан ба шуғл ва касбу кор барои ҷавонони бекор ва занони хонашин, муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла, зикр доштанд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури сиёсӣ, беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, аз тадбирҳои муҳим барои пешрафти ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки мақсади мувофиқи сафари худро нишон диҳанд. Риоя накардани ин талабот метавонад боиси содир шудани қонуншиканӣ гардад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ лозим нест, ки ҳудуди Федератсияи Россияро тарк карда, дубора ворид шаванд. Барои иваз кардани мақсади вуруд ба “меҳнатӣ”, бояд ариза барои гирифтани патент пешниҳод карда шавад ва дар он дар бораи иваз шудани мақсад зикр гардад. Патент бояд дар муҳлати 30 рӯз пас аз вуруд ба Россия расмӣ гардад — бо ариза ба мақомоти ҳудудии ВКД-и Федератсияи Россия, ФГУП “ПВС” ВКД-и Россия ё МБМ-и “Сахарово” муроҷиат кунед, корти нави муҳоҷиратӣ дода намешавад — тағйирот дар пойгоҳи додаҳои ВКД-и Россия сабт мегардад.
Ёдрас мешавем, шаҳрвандоне, ки патент гирифтаанд, уҳдадоранд дар муҳлати 2 моҳ мақомоти ҳудудии ВКД-и Россияро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатӣ огоҳ намоянд.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд.
Дар поёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як сокини кишвар бояд худро дар назди ободиву пешрафти Ватан масъул дониста, дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

