меҳнатӣ
Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо оид ба тағйиротҳои қонунгузории кишварҳои қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯрии корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Норбоев Дамир ва мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мавлонов Муслимбек бо сокинони ҷамоати шаҳраки Шайдон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи муқовимат бо савдои одамон” гуфта шуд.
Қайд карда шуд, ки ҳар як муҳоҷир ва ё оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷа сафар доранд бояд пеш аз ҳамма аз қонунгузорӣ, урфу одат ва маданияти давлати қабулкунанда, аз ҷумла ФР огоҳ бошанд, зеро аз сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад ба монанди: афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо, афтодан ба ғуломии меҳнатӣ, афтодан ба ғуломии шаҳвонӣ, фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ, гирифтор шудан ба зуроварии равонӣ ё ҷисмонӣ, зуран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар оварда мерасонад.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

