• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
04.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Варзоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маврид ба зикр аст, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.

Вобаста ба ин, таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди ноҳия доир гардид, ки дар рафти вохӯриҳо сардори гурӯҳи Чорбоғи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамидзода Бахтиёр Хайрулло, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Зокиров Насрулло, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Олимзода Орифҷон Олим, намояндаи КИ ҲХДТ Неъматов Ҳусен ва дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.

Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои коррӣ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони халқ, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат варзиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзуъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб доир гардид.

Зикр менамоем, ки дар рафти вохӯриҳо аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ба сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ёддоштҳо дар мавзуъҳои “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, “Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод  дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии “Роғун”, “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй”, “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Аз санҷиши ВНМО гузар”, “Мо зидди савдои инсонем”,  “Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон”, “Зўроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир” ва ғайра ба дастрас гардонида шуд.

Дар ин раванд, масъулин баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоянд.

Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии ноҳияи Варзоб пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Шарҳу тавзеҳи Паём миёни сокинони Ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён

Next Post

Вохӯриҳои саривақтӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”

Next Post
Вохӯриҳои саривақтӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”

Вохӯриҳои саривақтӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.