Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии сарвақтӣ бо муҳоҷираони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар деҳаҳои Кули Хоҷа ва Мулломири ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Дар мулоқот оид ба шукргузорӣ аз фазои оромии ватан дар доираи мавзуъҳои асосии рӯз ба монанди истифодаи оқилонаи қувваи барқ, тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, хизмати Модар-Ватан, нагаравидани насли ҷавони кишвар ба гурӯҳи ифротиву тундрав, дурӣ аз падидаҳои хатарзои аср ба монанди терористиву экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар, тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии корупсия, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, пойдориву солими оила, густариши фарҳанги оиладорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ғайра мавзӯъҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин баёни андеша намуданд.
Сипас, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмилалӣ, татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, ба сокинон ва он шаҳрвандоне, ки дар кишвари Россия кору фаъолият доранд тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхона, театр, китобхона ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

