Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои А. Абдураҳмонов ва Ҳ. Неъмати шаҳр вохӯрии навбатӣ бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот бо сокинон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва дар ин замина дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир дар байни аҳолии кишвар, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба варзиш, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ маълумотҳои муфассал дода шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи сокинони маҳаллаҳо расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126” муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст.
Шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, дар доираи қонунҳои амалкунандаи будубоши муҳоҷирати меҳнатӣ бехатарии худро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон таъкид доштанд, ки вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Вобаста ба ин, имрӯз яке аз мушкилоти печидаву глобалии сайёра экстремизму терроризм мебошад, ки ҳамчун зуҳуроти харобиовар аҳли башарро таҳдид менамояд. Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истода возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти давлатҳои осоишта табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ваҳшоният истифода мебарад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Кафолати амнияти мо низ чун аҳли башар аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд. Инчунин, аз ҷониби мутахассисони Шуъба оид ба тағйироту иловаҳои охир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ маълумоти муфассал дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокдорон аз ҷониби намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба сокинон брошюраҳои роҳнамо оиди муҳоҷирати бехатар ва пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон