Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Чаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо кормандони шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрии саривақтӣ баргузор намуданд.
Чунин, як вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Деҳмоӣ деҳаи Гулистон доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28-уми декабри соли 2024 баргузор шуда буд, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ аст, вохӯрии саривақтӣ гузаронида шуд.
Аз руи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Дар рафти суханронӣ мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Узоқов О., ба самъи сокинон расонид, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:
1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);
2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”;
3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”;
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Инчунин, ба иштирокдорон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне терроризм ва экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо суханронӣ намуда, дар охир ба иштирокдорон доир ба мавзуъ брошюраҳо ва роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд