Дар доираи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти робита бо аҳолии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, дар ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор бо иштироки намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб вохӯрии судманд бо сокинон баргузор шуд.
Ҳамоиш бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии сокинон ҳангоми истифодаи самараноки қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкунии самти мазкур баргузор гардид.
Масъулин масъалаҳои мубрами марбут ба ҳолатҳои коррупсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки мубориза бо коррупсия арҷгузорӣ ба низоми устувори давлатдорӣ, дастовардҳои истиқлолият ва дар ин замина таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.
Раванди мунтазами омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омилҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳурот маҳсуб мешавад.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро шарҳ дода, ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаро гирифтан ба шуғл ва касбу кор барои ҷавонони бекор ва занони хонашин, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ, ҳамчунин пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва номзадкунии бармаҳал ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла, зикр доштанд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури сиёсӣ, беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, аз тадбирҳои муҳим барои пешрафти ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошанд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба самъи сокинон расонид, ки айни замон дар кишвари Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон +7(495)9679844 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани қарзи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия посух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Дар поёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як сокини кишвар бояд худро дар назди ободиву пешрафти Ватан масъул дониста, дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон