Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара бо сокинон, фаъолон ва оилаи муҳоҷирони меҳнатии ҷамоати деҳоти Лаккон, бо иштироки 80 нафар, мулоқоти судманд баргузор гардид. Мулоқотро раиси ҷамоат Тошматова Р., ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи баргузории мулоқотро баён намуд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд. Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд