Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ҳамоно корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ давом дода истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ба таври рӯзона ва шабонарӯзӣ навбатдорӣ намуда, байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд ё мақсади барои кор ба хориҷи кишвар рафтан доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маводи заруриро дастрас менамоянд.
Дар рафти мулоқот бо шаҳрвандон доир ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти дақиқ ба саволҳои сарҳадчиён, ба роҳ мондани фаъолияти корӣ дар асоси патент, гузаштан аз қайди муваққатӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ маълумот дода шуда, масъалаи омодагии ҳамаҷониба пеш аз сафар барои рафтан ба хориҷи кишвар таъкид карда шуд.
Ҳамзамон ба ҳозирин дар бораи донистани забони кишвари қабулкунанда, эҳтироми арзишҳои фарҳангии он, даст назадан ба амалҳои номатлуб, донистани гурӯҳҳои ифротгаро, экстремистӣ ва террористӣ, ки тавассути мағзшӯйи ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб менамоянд ва пешгирии шомилшавӣ ба онҳо, хатарҳои муҳоҷират, намуди зоҳирӣ, истифодаи оқилона аз шабакаҳои интернетӣ, худдорӣ аз муошират бо шахсони тасодуфӣ, ки бо ваъдаи кори сердаромад таваҷҷуҳро ҷалб менамоянд, сафарбаркунии муташаккилона барои кор дар хориҷи кишвар, дӯст доштани ватани худ ва бо амалҳои нек муаррифӣ намудани давлати хеш дар хориҷи кишвар аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими дарҷшуда зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумор мераванд.
Ҳамзамон тавсияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд, бори дигар ёдрас карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират