Ҳамарӯза кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути ҳавопаймо ба кишвари Россия сафар доранд, оид ба омодагии пешакии шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон, алалхусус муҳочирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва бохабар будан аз қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар рафти мулоқот бо шаҳрвандон сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ашуров С., вобаста ба он мушкилиҳое, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дучор мешаванд, роҳҳои эмин будан аз ин омилҳо шинос намуда, аз ҷумла қайд кард, ки хар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд ба қонунҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ва давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар бояд огоҳ бошанд. Ҳангоми сафар ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз қабили шиносномаи хориҷӣ, полиси тиббӣ, гувоҳномаи тиббӣ оиди надоштани бемориҳои сироятӣ ва надоштани доғи судиро бо худ гирифтан зарур аст.
Ҳамзамон, пеш аз сафар ба шуъбаву бахшҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи зист муроҷиат намуда, кушода ё баста будани вурудро санҷидан ҳатмӣ мебошад.
Масъалаи дигаре, ки ташвишовар аст, ин хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла гурӯҳҳои тундрави террористию экстремистӣ пайвастани муҳоҷирон ба ҳисоб меравад. Дар аксар маврид онҳо ба паёмакҳои бардурӯғи телефонӣ ва ваъдаҳои бепояи шабакаҳои интернетӣ бовар намуда ба доми чунин гурӯҳҳо афтида аз ватан дур ва баъдан ба ғуломию маҳбас меафтанд. Дар муҳоҷират ба доми одамфурӯшон низ афтодан аз эҳтимол дур нест, чунки онҳо ба шумо маблағҳои калон ва ҷойи кори хуб ваъда карда аз роҳ мебароранд.
Дар ҳолати дучор шудан ба чунин мушкилиҳо бояд ҳатман ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли дар Федератсияи Россия, инчунин Сафорат ва Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари номбурда, муроҷиат намоянд.
Дар поёни вохӯрӣ ба саволҳои сершумори шаҳрвандон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба онҳо маводҳои иттиллоотӣ ва брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон