Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷо бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дода истодаанд.
Дар суҳбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути ҳавопаймо ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия сафар мекунанд бори дигар оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират сухан ронда қайд карданд, ки шахсоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар доранд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои аниқ диҳанд.
Инчунин, пеш аз сафар ба ин кишвар забони давлатии онро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишварро риоя намоянд.
Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаромӯш накунанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

