Тибқи нақша – чорабиниҳо кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳамарӯза пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Аз ҷумла, ҳафтаи сипаригардида бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар “Истгоҳи роҳи оҳан” ва терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират баргузор карда шуд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуданд.
Зимни вохурӣ бо шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохурӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терористиву экстремистӣ, ҷиноӣ, нашъаҷаллобӣ иттилоъ дода шуда, даъват гардид, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд