Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон идома дорад.
Дар рафти вохӯрӣ доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ва хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳи, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба модар ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан бозгаштаанд дар ширкатҳои ватанӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, тағйиру иловаҳо дар қонунгузори ФР дар самти муҳоҷират, терроризму экстремизм, ки дар замони мо пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд суханронӣ намуда ба иштирокдорон доир ба мавзуъ брошюраҳо тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

