Дар доираи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти робита бо аҳолии маҳал ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, дар деҳаи Булбулони ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатӣ бо фаъолон ва сокинон доир гардид.
Масъулин оид ба нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи созандагӣ ва ватандӯстӣ, донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар, ифтихор аз ватандорӣ, арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, ҳаққи пардохти хизматрасонии қувваи барқ баромад намуданд.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

