• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
28.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа барои марҳилаи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб нақшаи кории муштараки сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар асоси амри раиси ноҳия аз 10-уми июни соли 2025, №60 “Дар бораи таъсиси гурӯҳи кории ноҳиявӣ” тасдиқ гардида, давоми моҳҳои июл то декабри соли равон ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина, ёдрас менамоем, ки дар рафти вохӯриҳо муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир, сардори гурӯҳи Чорбоғи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамидзода Бахтиёр Хайрулло, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Ҳигматзода Шамсулло, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия Олимзода Орифҷон Олим, мудири бахши кор бо занон ва оила Саидова Назира ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои коррӣ намояндагони Комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои робита бо ҷомеа, дин, кор бо ҷавонон ва варзиш, вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат меварзанд.

Зикр кардан бо маврид аст, ки баромадкунандагон зимни вохӯриҳо таъкид менамоянд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд.

Инчунин, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.

Ҳамчунин, қайд карданд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.

Илова бар ин, масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.

Хотиррасон менамоем, ки дар рафти вохӯриҳо аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Мо зидди савдои инсонем”, “Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир”, “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй” ва ғайраҳо дастрас гардид.

Дар ин асно, қайд менамоем, ки масъулин аз рафти сохтмонҳои соҳаи маориф ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳия дидан намуданд. Дар ин раванд, баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоем.

Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Нақши Истиқлолият дар рушди Тоҷикистони муосир

Next Post

Вохӯрии навбатӣ дар ноҳияи Шаҳринав

Next Post
Вохӯрии навбатӣ дар ноҳияи Шаҳринав

Вохӯрии навбатӣ дар ноҳияи Шаҳринав

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.