Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Варзоб –Қалъа, Деҳмалик ва шаҳраки Такоб вохӯрии судманд бо фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.
Масъулин дар атрофи муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, роҷеъ ба арзиши патент дар соли 2026 барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар як чанд минтақаҳои Федератсияи Россия, вобаста ба касбомӯзӣ ва забономӯзии шаҳрвандон, бо кор таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта аз хориҷи кишвар, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона, самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Аз он ҷумла, баромадкунандагон зимни вохӯрӣ таъкид карданд:
– ба қишри асосии кишвар-ҷавонон такя карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
– вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.
– тамоми шартномаю созишҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бадастомада натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо роҳбарияти олии мамлакатҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатии мо мебошад. Таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба ин васила коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар сиёсати давлату Ҳукумат яке аз афзалият маҳсуб мешавад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
– тавре, ки моҳи декабри соли 2023 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

