Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо шаҳрвандоне, ки дар руйхати шаҳрвандони назоратшаванда аз тарафи Федератсияи Россия дохил шудаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, ба иштирокдорон ба роҳ мондани тарзи дурусти бақайдгирӣ, барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ, Сафорат ва хадамоти Консулӣ, ташкилотҳои ғайри давлатие, ки ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд, донистани забони кишвари қабулкунанда, фарҳанг ва анъанаҳо, ҳифзи саломатӣ, ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аъзои оила, муносибат бо корфармоён, моқомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ кафили муҳоҷирати бехатар мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд