Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Саразм ва Халифа Хасан корҳои фаҳмондадиҳи байни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ходимони дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон ва кормандони ҷамоат баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони шуъба ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва муҳоҷирони ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ, аз бемориҳои сироятӣ низ баромадҳо аз ҷониби намояндагон ба ҳозирин ироа гардид.
Пешгирии зуровариӣ дар оила, маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.
Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

