• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи мулоқотҳо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Migration Service by Migration Service
01.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи мулоқотҳо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия  баргузор гардид.

Ин вохӯрӣ дар доираи иқдоми маърифативу сиёсӣ ҷараён гирифта, дар он намояндагони Мақомоти марбута, ки ба он намояндаи бахши Хадамоти  муҳоҷират шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон муҳтавои Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 17 июли соли 2025-ро ба иштирокчиён шарҳ дода, таъкид намуд, ки ин суханронӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳамаи аъзову ҷонибдорони ҳизб, бахусус дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ, баромадкунандагон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз – пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дахл карда, иброз намуданд, ки дар шароити пуртаҳдиди ҷаҳони муосир, ҷавонон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Иброз гардид, ки дар паси ҳар гуна таблиғоти зоҳиран ҷолиб хатарҳо ва ниятҳои ғаразнок пинҳонанд ва танҳо шахси бо маърифат ва ватандӯст метавонад ба доми ин хатарҳо наафтад.

Ҳамзамон, ба масъалаи сарфакорона ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, махсусан дар давраи фасли гармо ва омодагӣ ба мавсими сармо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, ба аҳолӣ тавсияҳои судманд дода шуд.

Мавриди таъкид аст, ки чунин вохӯриҳо бо иштироки намояндагони  мақомотҳои маҳаллӣ, барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон мусоидат намуда, насли ҷавонро ба ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят мекунанд.

Дар рафти мулоқот намояндаи Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба самъи сокинон расонид, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.

Инчунин, хотиррасон намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.

Ба маълумоти сокинони ноҳия расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Дар фарҷом чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ҷамъбаст гардида, сокинон аз ташкили чунин вохӯриҳои судманд изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Эълон!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.