Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрии аъзоёни гурӯҳи корӣ идома дорад.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ, бахши Хадамоти муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад масъулин вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, махсусан қишри ҷавон, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, муҳимияти ҳифзи Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои мамнуъ, муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия баромад намуда, ба самъи сокинон расонид, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия тағйироти муҳиме ба амал омадааст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад.
Аз 1 июли соли 2025 тибқи Қонуни федералии Федератсияи Россия № 303-ФЗ аз 08.08.2024 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия” қоидаҳои нави истифодаи хадамоти алоқа ҷорӣ карда мешаванд.
Ҳамаи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ вазифадоранд, ки маълумоти биометрии худро тавассути портали Госуслуги (www.gosuslugi.ru) пешниҳод намуда, дар низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ба қайд гиранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ЕБС ба қайд гирифта нашудаанд, наметавонанд SIM-корт истифода баранд (занг, интернет, паёмрасонҳо ва ғайра).
Операторони алоқа вазифадоранд пайвастшавии корбаронеро, ки биометрияи худро тасдиқ накардаанд, махкам намоянд.
Дар портали “Госуслуги” ба қайд гиред, агар ҳанӯз ҳисоби корбар надошта бошед.
Маълумоти биометрии худро (акси рӯй ва намунаи овоз) дар марказҳои махсус ё МФЦ (марказҳои хизматрасонии давлатӣ), ки ҳуқуқи ҷамъоварии биометрия доранд, пешниҳод намоед.
Бовар ҳосил намоед, ки маълумоти шумо ба Низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ворид шудааст.Санҷед, ки рақами телефони шумо бо биометрияи шумо пайваст шудааст.
Бе иҷрои ин талабот шумо наметавонед аз алоқаи мобилӣ дар Россия истифода баред. Қонун ҳам ба муштариёни нав ва ҳам ба истифодабарандагони ҷорӣ дахл дорад.
Тавсия дода мешавад, ки пешакӣ сабти ном кунед, то аз қатъ гардидани алоқа ва ноқулайӣ ҷилавгирӣ шавад.
Мулоқот бо суолу ҷавоби тарафайн анҷом ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон