Дар доираи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар ҷамоати деҳоти Куштеппа деҳаи Қушқияи поён мулоқоти судманд бо фаъолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ – таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсиву иҷтимоии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари қабулкунандаи муҳоҷират, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва огоҳсозии шаҳрвандон аз равандҳои дохилию хориҷии кишвар мебошад.
Зимни мулоқот аҳолӣ бо тавзеҳи муфассал оид ба қоидаву қонунҳои муҳоҷират, ҷиноятҳои хусусияти ифротгароию динӣ дошта, инчунин нақши оила, омӯзгорон ва ҷомеа дар тарбияи насли солим ошно гардиданд.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Инчунин, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.
Мулоқоти мазкур бо фазои озоди муколама, саволу ҷавоб ва пешниҳоди андешаҳои судманд анҷом ёфт. Мардуми маҳаллӣ ташкили чунин мулоқотҳоро амри саривақтӣ ва омӯзанда арзёбӣ намуда, изҳори сипосмандӣ карданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон