• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Файзобод

Migration Service by Migration Service
24.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Файзобод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ростои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2025, зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, санаи 9 марти соли 2024 ва санаи 17 июли соли равон дар Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ баён доштанд, дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муҳоҷирати бехатар, амалҳои коррупсионӣ, нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба арзишҳо ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.

Чунин, як вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо фаъолони ҷамоати деҳоти Чашмасор мулоқот баргузор карда шуд.

Ҳангоми суханрониҳо аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар мавзўъҳои ифтихори ватандорӣ, моҳияти истиқлолу озодӣ, зарурати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми кишвар, аҳамияти дастовардҳои беназири мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолу озодӣ баёни андеша карданд.

Гузашта аз ин, дар мулоқот ба масъалаҳои баланд бардоштани тафаккури сиёсии шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, таҳлили нуктаҳои асосии Паём, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ягонагии миллат, афзалиятҳои кор дар замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ, фаҳмонидани маънии аслии дин, пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби мардум ба корҳои хайру савоб, ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи ҳатмии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаро гирифтани занону духтарони хонашин ба ҳунаромӯзӣ,, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва дигар масъалаҳои ҷорӣ эътибори хоса зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба маълумоти сокинон расонид, ки дар қаламрави бузургтарин фурудгоҳҳои Россия 12 нуқтаи назорати муҳоҷиратии мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ин нуқтаҳо бо ҳамоҳангсозии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ва Сарраёсат оид ба нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Россия фаъолият мекунанд.

Нуқтаҳои назорати муҳоҷиратӣ аллакай дар маҷмааи ҳавоии Москва, инчунин дар фурудгоҳҳои Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва шаҳрҳои дигар таъсис ёфтаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда, ифтитоҳи чунин нуқтаҳо дар истгоҳҳои сарҳадии роҳи оҳан, дар наздикии гузаргоҳҳои обӣ ва автомобилӣ пешбинӣ шудааст.

Мақсади асосии фаъолияти ин сохторҳо — ошкор ва пешгирии вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки меъёрҳои қонунигузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро вайрон мекунанд.

Бо дарназардошти ин, аз шаҳрвандонамон, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди Россия мешаванд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад: қаблан дурустии ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури марз санҷанд; ба муҳлати эътибори шиноснома (на кам аз як солу ду моҳ), патент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд пас аз воридшавӣ тартиб дода шаванд, диққати ҷиддӣ диҳанд; қоидаҳои будубош ва номнавишти муҳоҷиратиро дар қаламрави Федератсияи Россия қатъиян риоя намоянд; дар ҳолатҳои зарурӣ аз намояндагиҳои расмӣ ва мақомоти ваколатдор машварат гиранд.

Омодагии саривақтии ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ имкон медиҳад, ки аз таъхир ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми воридшавӣ пешгирӣ карда шавад.

Иловатан ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотию маърифатӣ идома дорад

Next Post

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Next Post
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.