Бо мақсади тақвияти корҳои идеологӣ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар деҳаҳои Офтобруя, Иттифоқ, Лолазор ва Диловарони ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳия Темурмалик вохӯрии саривақтӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо тақлид ба фарҳанги бегона, риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва фаҳмонидани муҳтавои Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ, ки санаи 17 июли соли равон таҳти раёсати бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки танҳо бо якдилӣ, ҳамкорӣ ва риояи қонунгузории амалкунанда метавон ба ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин ноил шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар таъмини амният, суботи сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши фаъол дошта бошанд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи таълиму тарбияи дурусти фарзандон низ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки фарзанди нек ояндаи ободи миллат аст ва волидон бояд бо намунаи шахсии худ ӯро дар рӯҳияи худшиносию меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки солҳои охир таваҷҷуҳи баъзе занон ба либоси бегона зиёд гардидааст, ки ин бо фарҳанги миллии тоҷикон созгор нест. Мардуми тоҷик дорои фарҳанги ғанию воло буда, зарур аст, ки ҳар як шахс ба либоси миллӣ арҷ гузорад ва ин арзишро ба насли ҷавон омӯзонанд.
Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия аз 1 июли соли 2021 “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри соли 2021 ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Ҳамзамон, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон даъват гардиданд, ки бо ҳисси баланди масъулият ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ бинанд, муҳити зист ва маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ доранд ва бо амалу рафтори худ дар рушди ҷомеа саҳм гузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

