Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд бо шаҳрвандоне, ки дар руйхати шаҳрвандони назоратшаванда қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот бо сокинон, иттилоъ дода шуд, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонанд то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зинаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Инчунин, ба самъи сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинӣ бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинони Ҷамоати деҳоти Патар, деҳаи Сафедораки шаҳри Конибодом баргузор карда шуд
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд