Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор якҷо бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар МТМУ №1-4 шаҳраки Фархор ва Ҷамоати деҳоти Фархор мулоқоти навбатӣ бо сокинон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ мамлакат ироа мешавад, роҳнамои муҳим ва дурнамои асосии фаъолият буда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро бозгӯ мекунад, инчунин огоҳ намудани сокинони ноҳия дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба масъалаи ободии Ватан, ҳифзи сулҳу суботи пойдор ва нақши ҳамбастагии миллӣ дар рушди ҷомеа таъкид карда, зикр намуданд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ омили муҳими пешрафти кишвар мебошад. Дар он масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоси миллиро ба миён гузошта, ҳифзи анъана ва одатҳои миллӣ – ро вазифаи ҳар як шаҳрванди худшинос хонданд.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таври саҳеҳ вобаста ба қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот дод. Аз ҷумла, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Инчунин, дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи муҳоҷирати бехатар, ҳангоми муҳоҷират вохӯрдан бо шахсони фиребгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз муҳоҷират ва ташаккули малакаҳои касбӣ пешниҳод гардид.
Ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоянд.
Мулоқот дар шакли саволу ҷавоб идома ёфта, ба сокинон имкони мустақим иброз доштани фикру пешниҳодҳо фароҳам овард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

