Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳаи Руҳафзои ҷамоати деҳоти Гурдоварон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сарфакорона ва оқилона истифода намудани нерӯи барқ, тақлид накардан ба фарҳангҳои бегона, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳоҷирати бехатар ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ бо далелҳои мушаххас ва мисолҳои равшан зарурати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва саҳмгузорӣ дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагиро таъкид намуданд. Инчунин, ба сокинон ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ки 17 июли соли равон баргузор гардида буд ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Аз ҷумла, аҳамияти тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, тақвияти нерӯи ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар ҳамчун самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як аъзои ҷомеа зикр гардид.
Дар навбати худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сафарзода Баҳодур баромад намуда, ба сокинони ноҳия вобаста ба сафари бехатар ба Федератсияи Россия, инчунин, пешгирӣ кардани гароиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав иброз намуд.
Дар рафти суҳбат ба самъи сокинон расонид, ки бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайронкунии кишвари қабулкунанда даст мезананд. Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад. Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин надонистани забони давлати қабулкунанда, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест мебошад.
Ҳамзамон, оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд кард, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани Патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод.
Инчунин, сокинон таъкид карда шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман забони давлатии ин кишварро дар доираи муошират донанд, тарзи либоспӯшӣ, доштани касби муносиб ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ зарур аст, чунки дар кишвари қабулкунанда ба муҳоҷири ихтисосдор талабгор зиёд аст, иброз намуд. Дар фарҷом ба сокинони ноҳия варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон