Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон 31-уми июли соли равон баён доштанд, дастур дода шуд, ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар рӯзҳои ғайрикории моҳи августи соли 2025 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вобастагардида сафарбар карда шаванд, санаи 21 августи соли равон гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии муовини сардори Хадамот аз ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ва Навободи ноҳияи Қубодиён боздид намуда, бо рафти сохтмон ва ободонии иншооти идона шинос шуда, бо иштироки васеъи фаъолон ва сокинон дар деҳаи С. Худойқулов вохӯрии судманд баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд, аз ҷумла зарурати пешгирӣ аз дуздӣ ва муносибати масъулона ба молу мулки давлатӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи қувваи барқ, пешгирӣ аз талафи он ва истифодаи дурусту қонунӣ, зарурати пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар ғаллазор, дар ҳар як оила захираи дусолаи маводи ғизоӣ, муайян намудани мавҷуд будани ҳаммом дар манзилҳои истиқоматии сокинон, инчунин сохтумони ҳамоми умумӣ дар деҳот, дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани Рӯзи Дониш, ҳолати омодабошии муассисаҳои таълимӣ барои соли хониши нав.
Айни замон, дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, аз 22 адад иншоотҳои ҷашнии ба нақша гирифташуда 16 адад аллакай иҷро гардида, дар 4 адад корҳо идома доранд ва иҷроиши 2 иншоот қисман иҷро гардида, бинобар сабабҳои молиявӣ корҳои сохтмонӣ мувақаттан дар онҳо қатъ карда шудаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз рафти сохтмони муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдакон дар деҳаи ба номи С. Худойқулов, ки сохтмонаш аз ҷониби муҳоҷири меҳнатӣ Утаганов Ҷамшед ба роҳ монда шуда, 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд боздид карда шуд. Сохтмони ошёнаи якуми бинои мазкур ба итмом расонида шуда, сохтмони ошёнаи дуюм бо маром идома дорад.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ идома доранд. Объекти идонаи ҷамоати деҳоти Тахти Сангинро Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомаром идома дорад. Густариши корҳои ободонӣ дар ноҳияи Қубодиён низ гувоҳи он аст, ки сокинони меҳнатқарин барои таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон