• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи вохӯриҳо дар ноҳияи Шаҳритус

Migration Service by Migration Service
11.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи вохӯриҳо дар ноҳияи Шаҳритус
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати давлату Ҳукумат дар самти сарфакорона истифода бурдани захираҳои энергетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва иқтисодии аҳолӣ, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус гардиши хона ба хонаро дар маҳаллаҳои ноҳия баргузор намуданд.

Зимни мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон, таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки нерӯи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти хонаводагӣ, балки ба таъмини устувории низоми энергетикии кишвар дар мавсими сармо мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасраф, хомӯш кардани таҷҳизоти барқӣ дар ҳолати ғайриқуллашавӣ ва риояи қоидаҳои сарфаи нерӯи барқро ба сокинон шарҳ доданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, таваҷҷуҳи сокинонро ба он ҷалб намуд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.

Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:

1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);

2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслугы”;

3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”;

Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.

Инчунин, зимни мулоқот масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират  вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расониданд.

Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохона, театр ва осорхона, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот баромадкунандагон ба саволҳои сокинон посухҳои мушаххас дода, барои беҳтар намудани ҳамкорӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо аҳолӣ дар маҳаллаҳо иқдомҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Мулоқот дар фазои самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон нисбат ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми назаррас гузошт.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Чорабиниҳои  иттилотӣ – маърифатӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов

Next Post

Фарзанд дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад

Next Post
Фарзанд дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад

Фарзанд дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.