Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, дар маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳои Чорбоғи ноҳия бо иштироки сокинон, имомхатибон ва фаъолони маҳалла вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони сохторҳои Мақомот ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия иштирок доштанд.
Вохӯриро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро ба иштирокчиён шарҳ дод.
Сипас зимни суханронӣ масъулони тарғиботӣ доир ба нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, роҳҳои коҳиш додани ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди хурофоту таассуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби занону бонувони хонашин ба касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, даъвати саривақтии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, диққати аввалиндараҷа додан ба таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми арзишҳои миллию давлатӣ, ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои доғи рӯз изҳори назар намуда, сокинонро ба татбиқи амалии нуктаҳои ироагардида даъват намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, ба таваҷҷӯҳи сокинон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд.
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазоарти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар фарҷом як гурӯҳ сокинони маҳалла низ фикру мулоҳизаҳои судманди худро баён дошта, ҳамзамон ба баъзе суолу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон