Ёдовар мешавем, ки дар баробари он ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти мосту дурнамои мушаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон, ҳамзамон дар он нуктаҳое дарҷ гардид, ки ба мо илҳоми тоза ва неруи бештар баҳри созандагию бунёдкорӣ мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водорамон месозад. Махсусан, таъкидҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём ироа гардид, моро водор месозад, ки бо эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ талош намоем, кор кунем ва Ватанамонро обод созем.
Дар ин замина, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳаммадулло Умар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимзода Маҳтоб Пир ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим вохӯрӣ бо аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Зидеҳ, Лучоб ва шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб доир гардид.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои зерин муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, оид ба ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, роҷеъ ба моҳияти дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ ва ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Инчунин, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем.
Ҳамчунин баромадкунандагон қайд карданд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.
Ҳамзамон, баромадкунандагон ёдрас намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: “Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд”.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон ибрози андеша намуданд, ки чи тавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатии воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои навъи будубошро дар Федератсияи Россия риоя намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

