• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи вохӯриҳои муштарак бо сокинону фаъолони ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
10.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи вохӯриҳои муштарак бо сокинону фаъолони ноҳияи Варзоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, комиссарияти ҳарбӣ, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, дин, танзими ҷашну маросим, кор бо занон ва оила дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия оғоз гардида, марҳила ба марҳила идома меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Раҷабзода Бобоназар Раҷаб, муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти вохӯриҳо намояндагони КИ ҲХДТ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои корӣ намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Кумитаҳои маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат меварзанд.

Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои зерин суханронӣ менамоянд, аз он ҷумла: муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз он ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ ва ғайра, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, шарт будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба дарки волидайн ва шаҳрвандон расонидани моҳияти хизмат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба мардум фаҳмонидани ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, ба мардум фаҳмонидани моҳияти дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, ба дарки мардум расонидани моҳияти анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, хонаи бенавоеро обод кардан, дасти камбизоатонро гирифтан ва ғайра, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқоди аҳолӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, тарғибу ташвиқи раванди амалишавии барномаҳои ҲХДТ ва нақшаи кории ҳизб, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи фарзандон омили муҳим дар зиндагӣ, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, зарурияти идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ, бахусус барои духтарон, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ба самъи аҳолӣ расонидани омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, роҳ надодан ба истифодаи телефон аз ҷониби ноболиғон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон ва роҳ надодан ба паҳнкунии маводҳои хусусияти зиддиқонунидошта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, аз қабили ВНМО/ БПНМ, сил, вараҷа ва нашъамандӣ, зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ ва ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират, ғизои солим, кам хурдани маҳсулоти ғизонокии баланд, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, таблиғу ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО “Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, зимни вохӯриҳо ба роҳ монда шуд.

Дар рафти вохӯриҳо аз тарафи масъулин ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои “Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Мо зидди савдои инсонем”, “Зӯроварӣ дар оила нисбати занони муҳоҷир”, “Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”, “Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд”, “Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия”, “Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй” ва ғайраҳо дастрас гардид.

Дар фарҷоми вохӯриҳо аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзуъҳои матраҳшуда, саволу ҷавоб доир гардид.

Хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда истодаанд

Next Post

Паём – раҳкушо ба фардои дурахшон ва раҳнамо барои зиндагии шоиста

Next Post
Паём – раҳкушо ба фардои дурахшон ва раҳнамо барои зиндагии шоиста

Паём – раҳкушо ба фардои дурахшон ва раҳнамо барои зиндагии шоиста

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.