Дар асоси нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Дарқади ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба гурӯҳи корӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии хурофотпарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, муҳоҷирати бехатар, бегонапарастӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи баргузории мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба аҳолӣ фаҳмонидани амалҳое, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин ҳисоб мешаванд, огоҳонидани мардум, алалхусус ҷавонон аз макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои ичтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, эҳсоси масъулият доштан дар раванди ҳифзи амнияти кишвар, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маърӯзаҳо ироа карда шуд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, оиди ҷойҳои холии корӣ барои шахсони корҷӯ, ҷойҳои корӣ дар НБО “Роғун” бо шарту шароитҳои хуб, масъалаҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ ибрози назар намуданд.
Дар охир ба саволҳои иштирокдорон ҷавоби қонеъкунанда гуфта шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон