Дар ростои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024, зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба арзишҳо ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа, дар бинои Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб бо иштироки сокинони шаҳр мулоқот баргузор карда шуд.
Ҳангоми суханрониҳо намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ба шаҳрвандон зарурати риояи қонунҳои кишвари иқомат, аз ҷумла Федератсияи Россия ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, диққати махсус ба масъалаи пешгирии ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ равона шуд, ки фаъолияти худро бо шиорҳои динӣ пинҳон карда, ҷавононро ба амалҳои террористӣ даъват менамоянд.
Қайд гардид, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҳамзамон, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатариро бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода бурда, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономӯзӣ, ки бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ройгон ташкил карда шуд, ҷалб намоянд, ба осорхона, театр, китобхона ташриф оранд ва барои соҳиб шудани касби нав ба курсҳои бозомӯзӣ таҳсил кунанд. Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз шаҳрвандон даъват гардид, ки барои маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия тамос гиранд. Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда манзур карда шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон