Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон якҷоя бо намояндагони МИҲД-и шаҳр вохӯрии судманд бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон Каримов Ҷ., оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон”, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан, суханронӣ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин як чорабинии судманд бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар Ҷамоати деҳоти Гулхони деҳаи Навбунёд баргузор карда шуд.