Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Коллеҷи тиббии шаҳр бо донишҷуён ва омӯзгорон доир ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош дар давлатҳои қабулкунанда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират доир ба ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад, ибрози андеша карданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Гуфта, шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ба иттилои иштирокдорон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд