Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии судманд бо ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ин нерӯи созанда имрӯзҳо аз амнияти давлату ҷомеа, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, ҷавонмардона ва далерона ҳимоят менамоянд ва дар дифоъ аз ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо, шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон медиҳанд. Халқу миллат ба ин нерӯи созанда ва бунёдкор бовар дорад, ки минбаъд сафи ҷавонони фаъолу ташаббускор боз ҳам бештар мегардад ва саҳми онҳо дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори мамлакат ба маротиб меафзояд.
Ҳамзамон, дар баробари ин бадбахтона, ҳастанд нафароне, ки аз илму маърифати замона дурмондаву, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба амсоли терроризм ва экстремизм ҳамроҳ гардида, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнини руҳию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳёти инсон, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимои ва динӣ гардидааст, ки ташвишу нигарониҳои зиёде на танҳо дар ҷомеаи кунунӣ, балки ҷаҳон гардидааст.
Аз ин рӯ, ба иштирокдорон ва фаъолон таъкид гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, пеши роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавононро ба созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро гиранд ва муҳимтар аз ҳама ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, ки асосӣ хушбахтии худ ва наслҳои ояндааст, бирасанд.
Инчунин, бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент низ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин чорабиниҳо дар МТМУ №57 Ҷамоати деҳоти Ёрӣ байни омузгорон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд