• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ифротгароӣ ба миллат танҳо бадбахтӣ меорад

Migration Service by Migration Service
07.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ифротгароӣ ба миллат танҳо бадбахтӣ меорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тавре огоҳед, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки мо бояд арзишҳои диннӣ ва суннатҳои миллии худаморо гум накарда дар вақти баргузории ҷашну маросимҳои динӣ, чорабиниҳои дигари оилавӣ ба зиёдаравӣ ва хурофотпарастӣ роҳ надиҳем.

Мутаассифона баъзан аз надонистани арзишҳои аслии дини мубини ислом ва қоидаҳои он ба хурофотпарастӣ роҳ дода маъракаҳои серхарҷу беҳуда намуда, ба ин васила мардумро ба гумроҳӣ бурда, байни онҳо таассубу риокориро ба вуҷуд меорем.

Айни замон, аз надонистан ва ноогоҳ будани аксарияти мардум, бахусус ҷавонон аз қоида ва арзишҳои аслии дини мубини ислом истифода намуда бо истифода аз дин бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсиву гурӯҳӣ ба мафкураи одам таъсир расонида дар байни мардум ва ҷомеа ихтилофи назар меандозанд, баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ бештар ҷавононро ба ҳар гуна роҳу равияҳои иртиҷоӣ мебаранд, ки боиси нооромии  ҷомеа гардина, ба амнияти давлату миллат ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид ва хатар ба вуҷуд меорад.

Ин зуҳуроти манфӣ айни ҳол дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла роҳандозии ҷангҳои иттилоотӣ, ифроту ситеза, бадбиниву таассуб, тундравии динӣ, хурофоту ҷаҳолат, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва фитнаангезии нажодӣ зери сенарияҳои таълифшудаи гурӯҳҳои манфиатдор бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Дар сурати ғофил мондан дар баробари ин зуҳуроти нангину хатарзо, мо имкониятҳои воқеии адолату қонун, оромиш ва осудагии кулли шаҳрвандон, сулҳу субот, тараққиёти босуботи ҷомеаро аз даст хоҳем дод.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо низ ҳастанд он гурӯҳҳои ифротгаро,  ки хоҳони халалдор намудани вазъи имрӯзаи кишварҳоро доранд, ки ҷавонон – муҳоҷирони меҳнатиро бо ваъдаи ночиз ба гирдоби фиребу гумроҳӣ ҳамроҳ менамоянд. Бинобар ин, мо ба фарзандонамон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бояд доим дар алоқа бошем, онҳоро ба меҳнати ҳалол ва роҳи рост ҳидоят намоем.

Аз ин хотир, барои ҳифзи суботу оромӣ ва идомаи зиндагии шоиста моро зарур аст, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаро хуб бишносем ва алайҳи онҳо муқовимат карда тавонем.

Дар чунин вазъи печида мову шумо набояд дар муносибат ба ин зуҳуроти харобиовар бетарафӣ зоҳир намоем, зеро солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо низ оқибатҳои фоҷиавии терроризму экстремизм таҷриба шуда, ҳанӯз ҳам, таҳдидҳо пурра аз байн нарафтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.

Вале дар айни замон мо набояд фаромӯш кунем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон ҳоло ҳам аз ниятҳои нопок ва нақшаҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст накашидаанд.

Бинобар ин, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем, ваҳдати миллии мардумамонро боз ҳам таҳким бахшем, бо дарназардошти ҳодисаву равандҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ба ҳимояи сулҳу оромии Ватани азизамон, зиндагии осоиштаи халқамон, суботи сиёсии кишварамон ва амнияти давлатамон омода бошем.

Маҳмадуллозода Фирӯза,

Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб

Next Post

Бардошт аз Паём. Дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор шуд

Next Post
Бардошт аз Паём. Дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор шуд

Бардошт аз Паём. Дар Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш баргузор шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.