Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҳар як халқияту миллат аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Мутаассифона, солҳои охир сар боло кардани гурӯҳҳои тундраву ифротгаро вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам ноором сохта, боиси содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд. Тоҷикистон низ аз қабили кишварҳое маҳсуб меёбад.
Гурӯҳе зери парчами Ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд карда, ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ тавсиф намуда, ҷавононро ба роҳи ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ҷавонон, ки ҳанӯз мафкураашон ташаккул наёфтааст, гуфтаҳои чунин рӯҳониёнро қабул медоранд аз таълимот ва ҳаёти муосир дур мемонанд.
Дар ҳақиқат аз таҷриба чандин мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки ҷавонон фирефтаи чунин гурӯҳҳо шуда гӯё барои гирифтани таълимоти динӣ ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон сафар карда, баъди чанд муддате ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ҳамроҳ мешаванд. То ҳол қисме аз онҳо дар ин давлатҳо қарор дошта, тавассути онҳо хоҷаҳояшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нияти амали кардани нақшаҳои тахрибкоронаи худро доранд.
Имрӯзҳо чунин тамоюле ба назар мерасад, ки натанҳо баъзе ҷавонон аз кишвари мо, балки шаҳрвандон аз давлатҳои тараққикарда ҳам ба гурӯҳҳои экстремистӣ алоқа пайдо карданд. Дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бисёр корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ҳаматарафа ба роҳ хоҳем монд. Бо ин мақсад аз собиқадорони меҳнат, шахсони обрӯманди маҳал, кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешавад.
Ҳоло гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ фаъол гаштаанд, ки ғараз ва мақсади тахрибкоронаи худро зери пардаи ислом амалӣ кардан мехоҳанд. Онҳо сабабгори бисёр ихтилоф ва ноамнӣ дар баъзе манотиқи олам гардида, исломро бадном мекунанд.
Моро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то ин тамоюли номатлуб идома наёбад.
Ахмедҷонова В,
Мутахасси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд