Мусаллам аст, ки тоҷикон аз қадимтарин халқҳои мутаммадин маҳсуб ёфта, дарозои таърих дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ҷомеаи башарӣ саҳми муносиб гузошта, миллати хирадпарвар ҳаргиз ба ягон кишваре даст дароз накардаву нияти бад накардааст.
Шуруъ аз ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддӣ терроризму экстремизм рӯ ба рӯ гаштааст. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар ба кишвари мо низ эҷод менамояд. Ба ин зуҳуроти номатлуб – гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷалб карда шудани ҷавонони гумроҳ нигаронкунанда аст.
Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Мо, хизматчиёни давлатӣ доимо дар суҳбату вохӯриҳо ба насли ҷавон таблиғ менамоем, ки роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд, ба суханҳои ифротиён фирефта нагарданд. Насли ҷавонро аз ҳадафҳои нопоки ифротиён огоҳ месозем, то ки чеҳраи аслии ин тоифаро шиносанд. Ҷавононро ба он таблиғ менамоем, ки донишҳои замонавиро азхуд кунанд ва баҳри пешрафту ободии кишварамон саҳмгузор бошанд.
Терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз ҳамеша омодаем ва сиёсати давлатро дастгирӣ мекунем.
Сафаров Абдулфайз,
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб